ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҳунарманди халқӣ Михаил Боярский гузориши шабакаи телевизионии "Звезда" дар бораи бистарӣ шуданаш бо аломатҳои COVID - ро рад кард.
Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки ҳунарманд дар яке аз бемористонҳои Маскав бистарӣ шудааст.
"Маълумоти шумо дуруст нест!" - гуфт ӯ дар суҳбат бо шабакаи телевизионӣ.
Тавре, намояндаи Боярский ба РИА Новости гуфтааст, ҳунарманд феълан дар хона аст ва худро хуб эҳсос мекунад ва танҳо чун сироятшуда гумонбар мешавад.
Ёдрас мешавем, ки Боярский моҳи январи имсол алайҳи коронавирус ваксин гирифт, аммо дақиқан як моҳ пас бо нишонаҳои ин дард ба бемористон интиқол ёфт.
Ҳарчанд он замон ташхиси ӯ, мариз буданашро ба коронавирус таъйид накард.
Ҳунарманди мардумии Русия 71 сол дорад ва дар бисёр филмҳои машҳур нақшҳои муассир бозидааст.
Ҳамчунин, ӯ дасти кам 600 суруд сароидааст, ки маъмултарини онҳо "Зеленоглазое такси", "Все пройдет" ва дигарҳо мебошанд.