Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Пизишк: ваксина одамро ба "супер-интиқолдиҳанда" -и коронавирус табдил медиҳад

Ваксина алайҳи коронавирус сад дар сад аз сироят муҳофизат намекунад: чунин одамон метавонанд барои дигарон хатарнок бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Онҳое, ки аз коронавирус эм карда мешаванд, метавонанд "супер-интиқолдиҳандаи" COVID-19 шаванд. Дар ин бора аллерголог-иммунолог Владимир Болибок дар суҳбат бо URA.RU гуфт.
Ба гуфти мутахассис, ҳатто пас аз эмкунӣ, шахс метавонад сироят шавад, ки он муҳофизати иммуниро рахна карда, боиси беморӣ мегардад.
Болибок таъкид кард, ки ҳатто пас аз эмкунӣ, бояд ниқоб пӯшид.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пизишк дар бораи супер-паҳнкунандагони коронавирус гуфт

"Аксар вақт одамони эмшуда ба шакли беаломат гирифтор мешаванд ва интиқолдиҳандаи вирус мегарданд. Онҳо худашон ба паҳн кардани ин вирус шурӯъ мекунанд", - гуфт табиб.

Ҳангоми тамос бо шахси бемор ниқоб эҳтимолияти сироятшавиро тақрибан 25 маротиба коҳиш медиҳад, шарҳ дод Болибок.
Ҳамчунин пӯшидани таҷҳизоти муҳофизатӣ хавфи сирояти атрофиёнро чор маротиба коҳиш медиҳад, хулоса кард табиб.
Қаблан сардухтури Вазорати тандурустии Русия Оксана Драпкина дар бораи зарурати пӯшидани ниқоб пас аз ваксингирӣ алайҳи коронавирус гуфта буд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, марҳилаи хатарноки пандемия фаро расид
Ба гуфти вай, антитела танҳо пас аз ҳафт рӯзи тазриқи аввал тавлид мешавад.
Ин ақидаро терапевт Георгий Сапего низ дастгирӣ мекунад. Вай қайд кард, ки ваксина имконияти ба осонӣ халос шудан аз COVID-19-ро зиёд мекунад, аммо ҳимояи мутлақро аз он кафолат намедиҳад.
Мутахассис инчунин гуфт, ки як ваксинаи Спутник V қодир аст дар муддати 3-4 моҳ иммунитетро аз коронавирус муҳофизат кунад.