Таркиш дар меҳмонхона дар Геленҷик: ду кас ҳалок шуд

Дар маркази Геленҷик дар меҳмонхонаи "Азария" таркиши бузург рух дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар меҳмонхонаи Геленҷик таркиш ба амал омад, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ситоди минтақавии Вазорати ҳолатҳои фавқулода.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар меҳмонхонаи хусусии чорошёнаи "Азария" воцеъ дар кӯчаи Советская таркиши газ ба амал омад.
Гуфта мешавад, ки эҳтимолан зане дар зери харобаҳо бошад, дар баробари ин, чаҳор нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ба гуфти табибон, чаҳор нафар, аз ҷумла як кӯдак, дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шуданд. Бадани онҳо бо дараҷаҳои гуногун сӯхтааст.
Ҳамзамон, шаҳрдори Геленҷик Алексей Богодистов марги як нафарро дар мағозаи меҳмонхона тасдиқ кард.
КҲФ: ҷароҳати 26 мард ва 3 зан - ҳоли яке вазнин: тафсилоти нави сӯхтор дар Душанбе
Тибқи маълумоти пешакӣ, таркиши газ низ дар мағозаи меҳмонхона рух додааст. Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, дар ҷои ҳодиса шишаҳо ва иншооти дохилии ошёнаи якум осеб дидаанд, девор фурӯ рехтааст ва маҳз он марҳумро пахш кардааст.
Феълан харобаҳо тоза карда мешаванд.
Дар рафъи оқибати ин ҳодисаи мудҳиш 40 нафар ва 14 адад техникаи махсус, аз ҷумла 11 нафар кормандон ва 4 адад таҷҳизот аз Хадамоти сӯхторнишонии Русия фаъол ҳастанд.