Сӯхтори мудҳиш дар бемористони Ироқ 77 кушта бар ҷо гузошт: видео

Дар бемористони "Имом Ҳусайн" , ки дар музофоти Ди-Кар воқеъ аст, асосан маризони коронавирус тадовӣ мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Дар Бемористони "Имом Ҳусайн", ки шаҳри шаҳри Эн- Носирияи Ироқ сӯхтори мудҳиш сар зад, ки дар натиҷа дасти кам 77 бемор ҷон аз даст доданд, менависад РИА Новости бо истинод ба Вазорати тандурустии он кишвар.
Қаблан танщо аз ҳалокати 52 нафар хабар дода мешуд. Гуфта мешавад, сӯхтор дар шӯъбаи нав, ки барои беморони коронавирус кушода шуда буд, сар зад ва иллати он инфиҷори зарфи оксиген арзёбӣ мешавад.
Манбаъ меафзояд, зарфи оксиген дар утоқе, ки таркидаст дар он ҷо 63 нафар қарор доштанд. Ҳоло вазъи аксари ҷароҳатбардоштагон ниҳоят вазнин арзёбӣ мешавад.
Дар лаҳзаҳои аввали сар задани ин ҳодисаи нохуш, маъмурияти беморхона 20 маризро берун овард, аммо баъдан алангаи оташ тамоми бемористонро фаро гирифт.
Дар ҳамин ҳол, сарвазири Ироқ Муставо ал- Қозимӣ ҷаласаи фаврӣ баргузор кард ва талаб намуд, ки мақомдорони баланди вазорати тандурустӣ аз ҷумла масъулони ин бемористон дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Таркиш дар меҳмонхона дар Геленҷик: ду кас ҳалок шуд
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрел низ дар бемористони "Ибн Хатиб" - и Бағдод таркиши зарфи оксиген рух дод, ки 82 нафар қурбон ва беш аз 100 нафар ҷароҳатдор шуданд.