Навори сели харобиовар дар деҳаи Шуҷанди ВМКБ: хисорот ҳоло номаълум аст

Дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон имрӯз сел фаромад, ки масирро барои чанд муддат баст ва ҳамзамон ҳавлии сокинонро пур аз сангу лоиқа намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Пас аз фаромадани сел дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон навору аксҳо аз ин офати табиӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтанд.
Дар наворе, ки гурӯҳи Фейсбукии "Памир Крыша Мира" нашр намудааст, деҳаи аз офати табиӣ зарардида ва роҳҳои пур аз сангу лоиқа нишон дода мешавад.
Дар навор ҳамчунин хонаҳое инъикос ёфтаанд, ки деворҳои онҳо аз берун нам кашиданд. Илова бар ин, чанд мошин низ зери селоба банд мондааст.
Дар чанд ҷо шиддати сел ҳатто дарахтонро решакан кардааст.
Дар Рӯшони ВМКБ сел омад: чандин хона тахриб шудааст
Бояд гуфт, ки Раёсати КҲФ дар ВМКБ то ҳол ин офати табииро шарҳ надодааст ва ҳамчунин маълум нест, ки аз сели фаромада чанд манзил хароб гардиданд ва ҳаҷми хисорот чӣ қадар аст.
Дар Тоҷикистон сар задани офатҳои табиӣ, аз ҷула фаромадани сел ва ё ба вуқӯъ омадани заминларза зуд - зуд ба амал меоянд.
Ҳанӯз заминҷунбии 5.9 балла, ки субҳи барвақти 10 июл Тоҷикистонро такон дод, 5 кушта бар ҷой гузошт. Дар ин офати табиӣ аз ҷумла 4 кӯдак ҷон бохтанд ва садҳо манзилҳои сокинон харобу валангор гардид.
Аз ҳама беш навоҳии Рашту Тоҷикобод зиён диданд ва макони заминларза низ наздикии ноҳияи Рашт арзёбӣ мешуд.