Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Се ҳолати марг ва 43 бемори нави коронавирус - омори вазорат

Вазорати тандурустӣ аз марги се тани дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, 3 тан аз вируси карона ҳалок шудаву 43 ҳолати нави гирифторӣ ошкор шудааст.
Даргузашти устоди варзиш аз бемории коронавирус дар Хуҷанд: марҳум 56 - сол дошт
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 43 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 28 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 13 июл дар кишвар 13911 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13581 нафар (97,6%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 107 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.