ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз Мазори Шариф раисиҷумҳури Афғонистон субҳи имрӯз вориди ин шаҳр гаштааст.
Гуфта мешавад, дар ин сафар Ғаниро муовини аввали раисиҷумҳур Амрулло Солеҳ ҳамроҳи мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафари Ғанӣ ба Балх баррасии вазъи амниятӣ дар Шимоли Афғонистон мебошад.
Гуфта мешавад ҳаракат дар дохили шаҳри Мазори Шариф аз соати 12:00-и шаби гузашта барои таъмини амнияти раисиҷумҳур пурра қатъ шудааст.
Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки аксари ноҳияҳои музофотҳои шимолӣ ба дасти Толибон* гузаштааст ва нерӯҳои амниятӣ барои бозпас гирифтани онҳо мубориза мебаранд.
Дар Балх низ чанд ноҳия суқут карда ва баъзе консулгариҳои хориҷӣ дар Мазори Шариф ба далели нигарониҳои амниятӣ баста шуданд.
Эзоҳ: Толибонро* созмони террористии мамнӯъ дар Русия, Тоҷикистон ва бархе кишварҳо