Генерал Назарзода: ҷинояткорӣ дар пойтахт беш аз 10 фисад кам шуд

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ сатҳи ҷинояткорӣ дар ҳудуи шаҳри Душанбе беш аз 10 фисад коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Назарзода Шариф, раҳбари Раёсати Вазорати корҳои дохила дар пойтахт гуфтааст давоми ним сол кормандонаш дар ҳудуди шаҳри Душанбе 1975 адад ҷиноятро ба қайд гирифтаанд, хабар додааст дафтари матбуотии ин ниҳод.
Номбурда зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди зертобеяш гуфтааст, ки сатҳи ҷинояткорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3% коҳиш ёфтааст.
Илова бар ин Назарзода таъкид кардааст, ки дар ин давра дар ҳудуди пойтахт ҷиноятҳои вазнин низ ба андозаи 26,5% кам содир гардидааст.
Гуфта мешавад, фоизи ошкорёбии ҷиноятҳо низ дар милитсияи пойтахт дар ин давра ба 93,9% расидааст, ки аз руи ошкорёбии ҷиноятҳо мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар миқёси ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор дорад.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин ба масъалаи баррасии фаврии муроҷиатҳои электронии шаҳрвандон диққати ҷиддӣ дода шуда, таъкид гардид, ки дар ин давра аз руи муроҷиатҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон 36 ҷиноят, 496 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкору муайян карда шудааст.
Ҳамзамон раҳбарияти Раёсат масъулини мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар оянда низ ҷиҳати баррасии фаврӣ ва бечунучарои мурочиатҳои электронии шаҳрвандон тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ вазифадор кардааст.