ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Яке аз аъзои хонаводаи марҳум дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Қодиров як моҳ ба ин тараф дар Бемористони касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд аз бемории коронавирус табобат мегирифт, вале шоми дирӯз аз олам даргузашт.
“Як моҳ пеш барои баргузории мусобиқаи гуштин ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сафар карда, дар ҳамон ҷо гирифтори коронавирус шуданд. Шоми дирӯз дар Бемористони Хуҷанд бандагӣ карданд”, - гуфт аз хешовандони марҳум.
Абдуқаҳҳор Қодиров соли 1965 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ бештар аз 35 сол умри худро дар рушди соҳаи варзиш бахшида, 20 соли охир сармураббии гӯштини намуди самбо дар вилояти Суғд фаъолият дошт.
Қодиров, корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон гуфта мешуд, ки то ин вақт даҳҳо шогирдро дар риштаи самбо ба камол расонидааст.
Дастпарварони мактаби Қодиров борҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дастболо шудаанд.
Қодиров унвони устоди дараҷаи байналмиллалиро бо худ ихтисос дода буд. Онҳое, ки ин устоди варзишро мешинохтанд, хидматҳои Қодировро дар рушду пешрафти варзиши гӯштингирӣ хубу назаррас хонда, марги нобаҳангоми ӯро талафоти бузург дар соҳаи варзиши кишвар арзёбӣ мекунанд.
Ҷанозаи Абдуқаҳҳор Қодиров субҳи имрӯз дар қабристони маъруф ба ба “Найсувор” и Хуҷанд ба хок супорида шудааст.