ДУШАНБЕ, 13 июл - Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай Владимир Норов мулоқот кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, мулоқот дирӯз дар ҳошияи сафари Норов ба Душанбе доир гардид.
Ёдрас мешавем, дабири кулли СҲШ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ дар Тоҷикистон қарор дорад.
"Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи Созмон табодули афкор намуда, раванди омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ-ро, баррасӣ намуданд", - менависад манбаъ.
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мешавад.
Интизор меравад, ки Норов бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот кунад.
Дар нақшаи сафари дабири кулл сафар ба шаҳри Норак ва боздид аз нерӯгоҳи "Норак" низ дарҷ гардидааст.