ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои об имрӯз, дар шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуоти гуфт, ки тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои татбиқи лоиҳа ба ҷумҳурӣ оварда шудааст.
“Таҷҳизот барои истгоҳи конверторӣ ба Сангтӯда расонида мешавад. Қисми лоиҳа аз тарафи Тоҷикистон то охири соли ҷорӣ амалӣ хоҳад шуд ”, - гуфт Ҷ.Шоимзода.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа дар қаламрави Афғонистон 65 дарсад иҷро шудааст. Дар он ҷо татбиқи лоиҳа идома дорад.
“Дар ин кишвари ҳамсоя ягон ҳаракати сиёсӣ зидди лоиҳаи CASA-1000 нест. Ин лоиҳа барои Афғонистон муфид аст”, -гуфт муовини вазир.
Дар дигар кишварҳо низ татбиқи ин лоиҳа бидуни таъхири ҷиддӣ амали тибқи ҷадвали муқарраргардида карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 интиқоли нерӯи барқро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ пешбинӣ мекунад.
Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон кишварҳое, мебошанд, ки дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 иштирок доранд.