ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд, хабар додааст Вазорати тандурустӣ. Рӯзи пеш ин омор 43 нафарро ташкил медод.
Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин тайи шабонарӯзи гузашта 21 нафар пас аз муоилиҷа сиҳат шуданд.
Вазорати тандурустӣ илова намуд, ки аз коронавирус дар шабонарӯзи гузашта 1 нафар фавтид. Рӯзи гузашта ин нишондод ба 2 ҳолат баробар буд.
Дар маҷмӯъ, бар асоси иттилояи расмӣ аз аввали бақайдгирии коронавирус дар ҷумҳурӣ то шоми 11 июл дар кишвар 13 ҳазору 834 нафар гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 13 ҳазору 535 нафар ё худ 97,8% шифо ёфтаанд. Инчунин дар пайи бемории мазкур 103 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват дорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд. Аз ҷумла фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранду ниқоб пӯшанд.
Дар ҳамин ҳол маъракаи ваксинагирӣ дар Тоҷикистон, ки барои афроди аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон шудаст, феълан дар қаламрави кишвар идома дорад.