ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон наздик ба 200 тшаҳрванди хориҷӣ адои ҷазо мекунад.
Ба гуфтаи вай дар маҷмӯъ дар зиндонҳои Тоҷикистон 198 шаҳрвандони хориҷӣ ҳузур доранд.
Оқои Ашӯриён зикр кард, ки бештар аз ҳама дар зиндонҳои Тоҷикистон шаҳрвандони Афғонистон ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир теъдоди онҳо ба 93 расидааст.
Ҳамчунин вазири адлия қайд кард, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон 6 шаҳрванди Чин ва 19 шаҳрванди Русия адои ҷазо мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, ӯ аз эълони шумораи умумии маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон худдорӣ кард ва гуфт ин аз рӯи қонунгузории Тоҷикистон иттилои махфист.