ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон имрӯз дар мулоқот бо рӯзноманигорон, кушиш кард "нархи кайҳон" -и сабзиро дар Тоҷикистон шарҳ диҳад.
Ба гуфтаи вазир, зимистони гузашта хеле сард буд, ки ин ба ҷамъоварии сабзӣ ва нигоҳдории ин навъи сабзавот таъсир гузоштааст.
“Соли гузашта дар майдони 8,4 ҳазор гектар сабзӣ кошта шуда буд. Зимистони сард омад, ин ба ҳосили сабзӣ таъсир расонд. Захираҳои сабзӣ омода ва дар анборҳо нигоҳ дошта мешуданд. Бо ҷамъоварии ҳосили нав нархҳо коҳиш хоҳанд ёфт”, - гуфт вазир.
Ба гуфтаи вай, ҷамъоварии ҳосили нави сабзӣ 15 июл дар назар аст. Дар ноҳияҳои Деваштич ва Истаравшани вилояти Суғд ва дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҷамъоварии сабзӣ шурӯъ шудааст.
"Ҳоло дар шаҳри Душангбе ва ноҳияҳои ҳамшафати пойтахт як кило сабзӣ 6-7 сомонӣ, дар Хуҷанд ва Бохтар 4-5 сомонӣ арзиш дорад", - илова кард Вазорати кишоварзӣ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Тоҷикистон ҷаҳиши шадиди нархи сабзӣ ба назар мерасид, нархи як кило ин сабзӣ то 10-12 сомонӣ боло рафта буд. Ҳоло арзиши сабзӣ дар бозорҳо каме коҳиш ёфтааст, аммо он ҳанӯз ҳам нисбат ба соли гузашта чанд маротиба гаронтар аст.