ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Душанбе муовинони вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Афғонистон мулоқот доир намуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 12 июн мулоқоти Хусрав Нозирӣ, муовини якуми Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои афғони худ Мирвайс Ноб, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо нахуст ба вазъи мавҷудаи Афғонистон таваҷҷӯҳ намуда, ҳолати кунии Ҷумҳурии Исломиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Илова бар ин, Нозирӣ бо Мирвайс Ноб масъалаи ташриф овардани Вазири умури хориҷаи Афғонистон, Муҳаммад Ҳаниф Атмарро баррасӣ карданд.
Ҷаноби Атмар Ҳаниф ба хотири иштирок дар ҷаласаи Гурӯҳи Созмони ҳамкории Шанхай-Афғонистон, ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард.
Ин ҷаласа фардо, 13 июл дар Душанбе баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон феълан муборизаи неруҳои ҳукуматӣ бо ҷангиёни ҳаракати Толибон* давом дорад.
Ҳамлаи Толибон дақиқан пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз хоки ин кишвар ҷон гирифт ва ҳоло қисмати зиёди музофотҳои Афғонистонро ба тобеияти худ дароварданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон