Се такон дар Рашт: шумори заминҷунбӣ зиёд мешавад

Аз субҳ дар Тоҷикистон аллакай тақрибан дар як қаламрав се маротиба заминҷунбии дараҷаи гуногун ба амал омад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Дар наздикии Рашт сейсмологҳо се ларзишро ба қайд гирифтанд, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.
Заминларзаи охирин соати 12:14 ба вақти маҳаллӣ дар умқи 15 километр ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад шиддати ларзиши охирин 3,7 балл буд.
Ду зилзилаи қаблӣ низ имрӯз дар ҳамон минтақа рух дода буд.
Аз Роҳбияи 4-сола то Турони 70-сола: Эълони теъдоди фавтидаю маҷруҳон ва хонаҳои харобшуда
Тибқи иттилои Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, онҳо дар 39-километрии ҷанубу шарқи Рашт рух додаанд.
Зилзилаи аввал соати 08:20 ба амал омад, ки қувваи он 4,3 балл ва такрори он соати 11:00 рух дод, ки шиддати он 3,8 балл буд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ин бора шарҳе надод. Дар бораи талафот ва харобот гузориш дода нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки 10-уми июл дар 165 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 километраи шарқи ноҳияи Рашт, заминларза рух дод, ки қувваи он дар марказаш 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.
Комиссияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодда расман иттилоъ дод, ки бар асари ин заминларза 5 нафар сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, 16 нафар маҷруҳ шуда, феълан дар беморхонаанд.