ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон як зани 100 - сола, ки гирифтори маризии коронавирус буд ва дар Бемористони касалиҳои сироятии пойтахт табобат мегирифт, комилан шифо ёфт.
Сиҳат ёфтани ин зани калонсолро Бобозода Асомиддин ном корбар дар сафҳаи Facebook - ии худ нашр намудааст.
Ба маълумоти интишорнамудаи Бобозода, ин зан Қодирова Шарофат буда, мавсуф корманди шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
"Номбурда дорандаи медалу мукофотҳои давлатию меҳнатӣ аст", - навиштааст ин корбар.
Қодирова зери назорати пизишкони Бемористони касалиҳои сироятӣ қарор дошт ва пас аз он, ки комилан шифо ёфт, "наҷотдиҳандагонаш" ӯро тантанавор ба хона гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 21 июн дар Тоҷикистон мавҷи дуюми коронавирус сар зад ва феълан шумораи умумии гирифторони ин дард ба 13 834 нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 13 535 нафар шифо ёфта, 103 мариз қурбони ин вабо гардиданд.