ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Конибодом 5 нафар барои пайравӣ ба ташкилояти фаъолияташ дар Тоҷикитсон мамнӯи "Салафия" аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохила хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, Ашӯров Умед Аюбхоновичи 32-сола, Исмоилов Султони 38-сола, Мавлонов Навруз Ортиқовичи 40-сола, Собиров Дамир Давроновичи 36-сола, Тухтаев Бурҳон Ғаниҷоновичи 36-сола, дар асоси моддаи 307, иловаи 3 кодекси ҷиноятӣ суд карда шуданд.
"Далелиҳои тафтишоти пешакӣ ҷамъоваришуда муайян мекунад, ки ин нафарон қасдан ҷиноят ба муқобили асосиҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ содир намудаанд", - таъкид мекунад манбаъ.
ВКД таъкид мекунад, "пайравӣ ба ақидаҳои ифротгароёнаи ташкилоти фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ва дар ҳудуди шаҳри Конибодом бо амалу рафтор татбиқи чунин фаъолияти ғайриқонунӣ, аз ҷумла ҷамъомадҳои мақсаднок ва истифодаи адабиётҳои мазмуни ифротидошта ҳамчунин дигар қасдҳои ҷиноятидошта сабаб шудааст, ки нисбати ин 5 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шавад".
Гуфта мешавда, Собиров Дамир Давронович қоблан бо моддаи 307 иловаи 3 суд шудааст.
Ҳамин тавр, бо ҳукми суд нисбати 4 нафар бо иттиҳоми ташкили фаъолияти экстремистӣ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 сол дар калонияҳои низомаш сахт ва ба Дамир Собиров ба мӯҳлати 6 солу шаш моҳ дар зиндони низомаш сангин ҳукм дода шудааст.
*- ташкилоти экстремистии фаъолияташ дар Тоҷикистон ва як қатор кишварҳо мамнӯъ