Нимашаб занеро латукӯб карданду пулу телефонашро гирифтанд

Ба идораи милиса дар шаҳри Душанбе зани 37-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки нисфи шаб ҳадафи ҳамлаи ғоратгарон гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл - Sputnik. Зани 37-сола аз ноҳияи Фирдавсӣ ба идораи милиса дар ин ноҳия муроҷиат карда, шикояст кардааст, 6-уми июли соли 2021, тахминан соати 01:00 ӯро ғолат кардаанд.
Ба иттилои муроҷиаткунанда, ғорату латукӯб дар маҳллаи Гулбутта рух додааст.
“Шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 250 сомонӣ ва 1 адад телефони мобилиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 400-сомониро ташкил медиҳад”, - иттилоъ дод ВУД Тоҷикистон.
Зан латукӯби шавҳарашро ба навор гирифту ба милиса дод: видео аз ҷои ҳодиса дар Душанбе
Манбаъ афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 21-сола ва марди 31-сола, сокинони шаҳри Кулоб ва ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.