Ҷазо барои озори ҷинсии кӯдакон дар Тоҷикистон ташдид мешавад

Дар Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноӣ тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад, ки мувофиқи он ҷазо барои озори ҷинсии кӯдакон пурзӯр мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷазо барои озори ҷинсӣ ташдид мешавад. Дар ин бора дар рафти нишасти матбуотӣ масъулини Вазорати адлия хабар доданд.
Бино бар иттилои манбаъ, ташдиди ҷазо барои ҷиноят нисбати кӯдакон дар тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ, ки ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст, пешбинӣ мешавад.
Ба гуфтаи муовини авали вазири адлия Шариф Каримзода, баррасии ин тағйиротҳо ба кодекси мазкур дар идораҳои дахлдор идома дорад.
“Ҳама вазорату идораҳо розигӣ доданд, ки ҷазо барои озору азияти ҷинсӣ пурзӯр шавад",- таъкид кардааст вай.
Ёдрас мешавем, пештар дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ дар пайи вокуниши Рустами Эмомалӣ, раиси маҷлис ба куштори Руфайдаи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки Қодекси ҷиноӣ таҳрир мешавад.
Дугоники Руфайда баъди марги хоҳараш ба худ наомадааст
Бино бар иттилои манбаъ, зимни ҷаласаи корӣ аз 11 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллӣ ба Прокурори генералӣ ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти давлатии масъул ҷиҳати такмили қонунгузорӣ вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон дастур дода буд.
Ба иттилои котиботи Маҷлис, байни замон лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки мутобиқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо пурзӯр карда шудааст.