ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 10 миллиарду 73,1 миллион киловатт/соат нерӯи барқ тавлид шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам мебошад.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш дар ин бора хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 170,1 миллион киловатт/соат бештар нерӯи барқ истеҳсол шудааст.
Сабаби коҳиш ёфтани истеҳсоли нерӯи барқ, ба гуфтаи вазир, коҳиши воридшавии об ба дарёҳост, ки дар қисматҳои он нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҷойгиранд.
Ҳаҷми содироти нерӯи барқ дар давраи ҳисоботӣ 917,1 миллион киловатт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2020 4,5 миллион киловатт/соат зиёд аст.
Ҷумъазода гуфт, содироити нерӯи барқ дар кишвар асосан аз оғози моҳи май сар шуда, харидлорони асосӣ Ӯзбекистон ва Афғонистон мебошанд.
Номбурда гуфт, сатҳи об дар моҳҳои май июн имкон дод, ки содиротро зиёд кунанд.