Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Озарбойҷонро ба Тоҷикистон даъват кард

Кишвардори Озарбойҷон зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи феълии Ҷумҳурии Афғонистон изҳори нигаронӣ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои озари худ Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ баргузор кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти роҳбари давлат, раисони Тоҷикистону Озарбойҷон рӯзи 12 июн суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахши тиҷорату иқтисодро баррасӣ намуданд.
Илова бар ин, вазъи Афғонистон низ аз мадди назари раисиҷумҳурон каонр намонд.
Раҳмон ба Алиев саломатӣ хост: сӯҳбати ду президент аз коронавирус то кӯмак
Манбаъ меафзояд, дар робита ба вазъи нохуби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Илҳом Алиев дар рафти суҳбат аз шиддат гирифтани вазъ дар марзҳои ҷанубии ИДМ изҳори нигаронӣ кард.
Котиботи Президент менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ дар хусуси вазъи ташвишовари Афғонистон маълумот дода, изҳор доштааст, ки аз вазъият дар марзи ҷанубии ИДМ нигарон аст.
Дар фарҷоми суҳбат, роҳбари давлат Илҳом Алиевро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуд.
Зикр мегардад ки таклифи Эмомалӣ ӣРаҳмон пазируфта шуд ва ҳоло муҳлати сафари мушаххас мешавад.