ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ҳунарманди маъруфи Тоҷикистон, Шералӣ Абдулқайсов даргузашт. Ин марди ҳунар моҳи гузашта 70 - сола шуд ва ба ин муносибат як маҳфили хоса бо ҳампешагону дӯстони худ қайд намуда буд.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, Шералӣ Абдулқайсов чанд вақт боз дар Бемористони Қарияи Боло бо нишонаҳои бемории ҳамагири коронавирус бистарӣ буд.
Ба эҳтимоли зиёд ҳунарманди номӣ маҳз аз ин беморӣ даргузашт. Ӯ Чанд рӯз боз дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дошт ва ахиран рӯзи 12 июл дар бемористон ҷон аз даст дод.
Феълан маълум нест, ки маросими дафни ин ҳунарманди мардумӣ дар куҷо ва кай баргузор мешавад.
Шералӣ Абдулқайсов зодаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ мебошад, вале маъмулан ҳунармандони саршинос дар Лучоб манзили охирати худро дарёб мекунанд.
Шералӣ Абдулқайсов моҳи апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1973 бахши санъат ва актёрии Донишгоҳи омӯзгории Душанберо хатм намуда, ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ба кор даромад ва то охири умр дар ин театр фаълолият мекард.