Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе омад

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай ба пойтахти Тоҷикитон барои иштирок дар дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии (ШВКХ) СҲШ омад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ахиран Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Владимир Норов барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии (ШВКХ) СҲШ, ки 13-14 июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба Тоҷикистон омад.
Ба иттилои манбаъ санаи 11 июл дар доираи сафар Владимир Норов ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии “Норак" шинос гардид.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар мулоқоти Дабири кулли СҲШ Владимир Норов бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар назар аст.
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ баргузор мегардад
Гуфта шудааст, зимни мулоқот интизор меравад ҷонибҳо, ки ӯ дар вазорати корҳои хориҷӣ маърӯза намояд.
Владимир Норов инчунин 13-14 июл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ иштирок менамояд.