ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Дар бораи он, ки кадом гурӯҳи одамон метавонанд муддати дароз дигаронро бо коронавирус сироят кунанд, дотсенти Донишгоҳи миллии тадқиқоти тиббии Русия ба номи Н.И. Пирогова, духтури бемориҳои сироятии Маркази Диавакс Иван Коновалов нақл кард.
"Одамоне ҳастанд, ки аз ҷиҳати генетикӣ беназиранд ва системаи иммунии онҳо ба мавҷудияти вирус таҳаммул мекунад ва онҳо назар ба дигарон онро дарозтар хориҷ мекунанд", - гуфт табиб.
Вай афзуд, ки чунин ашхосро табибон "супер-паҳнкунандаҳо" меноманд. Вазъият бо чунин беморон аз он ҷиҳат мураккаб аст, ки одатан онҳо бемориро бидуни нишона паси сар мекунанд.
"Онҳое, бо ҳисоби фоизӣ зиёд нестанд, аммо, албатта бо интиқол додани вирус ба дигарон, раванди эпидемияро боз ҳам рушд медиҳанд", - гуфт Коновалов дар мусоҳиба бо ТАСС.
Терапевт, пулмонолог, ки бо беморони "минтақаи сурх" кор мекунад Алексей Никишенков қайд кард, ки одатан бемори коронавирус сироятро то 10 рӯз паҳн мекунад.
Коршинос илова кард, ки одатан вирус якчанд рӯз дар бадан ҷой мегирад ва ба паҳн шудан шурӯъ мекунад. Никишенков афзуд, ки дар сурати вируси коронаи навъи делта, давраи инкубатсионӣ метавонад зиёд шавад.