ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Рустамҷон Бурибоев, сартабиби ин Шифохона вазъи кунуниро дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод. Ӯ гуфт, назар ба як ҳафтаи қабл вазъият беҳтар шудааст.
“Ҳоло вазъият идорашаванда аст. Агар ба ҳамин сатҳ равад, мо ба осонӣ аз вазъ раҳо шуда метавонем”, - афзуд сартабиб.
Бурибоев, дар бораи мавҷудияти аломатҳои фарқкунандаи хуруҷи мавҷи дуюми короновирус назар ба мавҷи аввалаааш ибрози андеша намуд.
Сартабиб гуфт, хуруҷи мавҷи дуюми “вируси корона” аз давраи қаблӣ чандон тафовуте надоштааст.
“Пештар ҳам баландшавии табъ ва дучор шудаш ба мушкили нафаскашӣ аз аломатҳои аслии ин маризӣ буду ба дунболи ингуна ҳолатҳо дарди сар, гумшавии иштиҳо ва бемадорӣ дар бемор ҳис карда мешуд. Дар ҳоли ҳозир ҳам ин гуна ҳолатҳо нишонаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд”, гуфт сартабиб.
Рустамҷон Бурибоев аз посух дар бораи омори бистаришавии гирифторони коронавирус дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд худдорӣ варзид ва танҳо гуфт, ки “мо кӯшиш мекунем, ки беморон ҳарчи зудтар шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат шавад”.
Ёдовар мешавем, ки Шифохонаи касалиҳои сирояткунандаи (инфексиони) и шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи бемористонҳое буд, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли 2020, яъне аз замони хуруҷи бемории COVID-19 дар кишвар бо реҷаи қарантинӣ гузашт.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2020 расман дар бораи холӣ шудани бемористонҳо аз гирифторони “вируси корона” расман иттилоъ дода буд. Вале ин шифохона то замони хуруҷи мавҷи дуюми “вируси корона” яке аз ҷойҳои захиравӣ барои табобати эҳтимолии хуруҷи ин беморӣ аз реҷаи қарантинӣ берун карда нашуд ва ҳамчунон то имрӯз тибқи ҳамон реҷа амал мекунад.
Бемористони касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд дар умум аз панҷ шуъба ва бахшҳои ёрирасон иборат буда, дорои 270 койкаи табобатӣ мебошад. Алҳо ин ягона Шифохонаест, ки гирифторони бемории коронавирус дар Хуҷандро дар ин ҷо табобат мекунанд.
Бино ба гузориши ахири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 43 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин 31 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд. Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 10 июл дар кишвар 13719 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора то санаи зикргардида 13514 нафар шифо ёфтаанд, то имрӯз бар асари ин беморӣ 102 нафар фавтидаанд.
Табибони тоҷик мегуянд, барои пирӯзӣ бар “вируси корона” омодаанд, вале барои ба ин мақсад расидан, риояи оддитарин тавсияҳои беҳдоштӣ: бастани моск (ниқоб), зуд-зуд тоза намудани дастон бо маҳлулҳои антисептикӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҳар як сокини кишвар муҳим мебошад.