Санаи сафари Сергей Лавров ба Тошканд маълум шуд

Вазири умури хориҷаи Русия рӯзҳои 15 ва 16 июл ба Ӯзбекистон сафар мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Дар Тошканд, бар асоси барномарезиҳо Сергей Лавров қарор аст дар нишасти байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва ҷанӯбӣ, ба ҳам пайвастагии минтақавӣ, таҳдидот ва имконот” дар шаҳри Тошканд ширкат кунад, иттилоъ додааст сомонаи сафорати Русия дар Ӯзбекистон.
Вазири умури хориҷаи Русия ҳамчунин қарор аст рӯзи 16 июл дар шаҳи Тошканд дар чаҳорумин дидори вузарои умури хориҷаи Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон барои баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои амнияти минтақавӣ ширкат кунад.
Лавров ба Душанбе сафар мекунад
Русияи яке аз бузургтарин ҳамкорони иқтисодӣ ва бозаргонии Ӯзбекистон аст.
Мубодилоти бозаргонии ин ду кишвар дар соли 2020 милодӣ бо 15, 4 дарсади коҳиш дар муқоиса бо соли 2019 милодӣ 5 миллиарду 641 миллион доллар будааст.