ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Коршиноси масоили сиёсӣ Дмитрий Журавлёв тавзеҳ дод, чаро Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико зуд зуд ба Владимир Путин роҳбари Русия занг мезанад.
Расман дар гуфтугӯи телефонӣ, ки як соат давом дошт, ду роҳбар масъалаи амнияти киберӣ ва Суряро баррасӣ карданд.
Коршиноси дар суҳбат бо хабаргузории “ФАН” таъкид доштааст, ки дар асл ду роҳбар масъалаи Сурияро баррасӣ карданд.
“Рафтори ҳукумати Амрико аз он шаҳодат медиҳад, ки дар равобити Русия ва Амрико чизе тағйир ёфтааст”, - мегуяд Журавлев.
Коршиноси масоили сиёсӣ Амрикоро бо ҳамсари ҷудошуда муқоиса кард ва илова кард, ки руасоиҷумҳури Амрико қаблан хеле кам занг мезаданд.
“Вашингтон дар ҷануб ғарби Осиё мушкилот дорад. Ҳамчунин дар дохили ИМА вазъ чандон хуб нест. Байден ба сари қудрат бо шиорҳои зидди русӣ омад, вале имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки гуфтугӯ бо Русия барои Амрико бисёр муҳим аст”, - гуфт коршинос.
Журавлев илова кард, ки суҳбати телефонии ду роҳбар ба музокироти сулҳ бо Толибон, ки ахиран дар Маскав сурат гирифт, бе робита нест.
Ба гуфтаи вай, суҳбати телефонии Байдену Путин – ин як навъи машварат аст. Байден бояд мутмаин шавад, ки барномаҳои Амрико ва Русия дар мавриди Афғонистон мухолифати ҷиддӣ, баъд аз хуруҷи нерӯҳои ИМА аз хоки ин кишвар надошта бошанд.