Заминларза субҳи рӯзи шанбе дар минтақаи Тоҷикободи Тоҷикистон рух дод. Мардум аз тарсу ҳарос аз хонаҳояшон берун рафтанд.
Тоҷикистонро чунон такон дод, ки ҳатто кишварҳои ҳамсоя онро ҳис карданд. Мавҷи заминларза дар Ӯзбекистон низ эҳсос шуд.
Тибқи маълумоти пешакӣ дар ин заминҷунбӣ панҷ нафар ба ҳалокат расидаву, беш аз 20 хона тахриб шудааст. Хисороти ин заминҷунбӣ то ҳол аз сӯи мақомот идома дорад.
Сокинони ҷамоати Лангари шоҳ аз ин заминҷунбӣ шок шуданд. Баъд аз рух додани заминҷунбӣ дар кӯчаҳои деҳа садои гиряи зан ба гуш мерасид.
Ба ҷои ҳодиса фавран намояндагони мақомоти кишвар ҳозир шуданд аммо то расидани намояндагони мақомот ба мардум ба кумаки якдигар расиданд. Табибони маҳалӣ ёрии авалия расонданду, ҳамсояҳо ба бартараф намудани харобиҳо оғоз намуданд.