Мунтазири донишҷӯёни тоҷик ҳастем: Покистон ба Тоҷикистон квотаи таҳсилотӣ ҷудо кард

Покистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон квотаҳои таҳсилотӣ ҷудо кардааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ин фурсати таҳсилӣ дар риштаҳои муҳандисӣ, иқтисод, физика ва дар мақтаи таҳсилии коршиносӣ то докторӣ аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Гуфта шудааст, ки ба хоҳишмандоне, ки шароити дарёфти бурсияи таҳсилӣ дошта бошанд, маҳалли сукунат дода мешавад.
Ҳамчунин донишгоҳ ҳар моҳ 120 ҳазор рупия кумакпулии таҳсилӣ ва 10 ҳазор рупия кумаки хариди китобҳои дарсӣ ба афроди бурсия пардохт мекунад.
Бар асоси эъломи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, кумакпулии таҳсилӣ барои донишҷӯёни бурсияи мақтаи коршиносии аршад 144 ҳазор рупия ва кумакпулии таҳияи китобҳои дарсӣ 20 ҳазор рупия аст.
Бонки миллӣ иҷозатномаи “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон”-ро бозхонд кард
Таҳсил дар донишгоҳҳои Покистон ба забони англисӣ ва доштани гувоҳиномаҳои TOEFL ва IELTS низ илзомӣ аст.
Хоҳишмандон то 31 июл фурсат доранд мадорики мавриди ниёзро ба маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, хиёбони Турсунзода 47 ирсол кунанд.