Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Даргузашти генерал Пирӣ Ҳусайн пас аз бемории тӯлонӣ

Генерали мустаъфӣ Пири Ҳусайн пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Генерал-майори мустаъфӣ Пирӣ Ҳусайн рӯзи 10 июл дар пайи бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора, Парвина Гулова, яке аз масъулони маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дода ба ҳали хонавода ва ёру дӯстон марҳум изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Тибқи иттилои манбаъ, намози ҷанозаи марҳум имрӯз 11 июл, соати 10:00, дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Бофанда, 29 баргузор мешавад.
Пирӣ Ҳусайн то замони бознишаста шудан дар роҳбарии ниҳодҳои муҳими ВКД, аз ҷумла чандин сол роҳбарии УБЭП, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ВКД Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Корманди маркази матбуоти ВКД сабаби марги генералро бемории тӯлонӣ гуфтааст, вале мушаххас накардааст, ки кадом беморӣ.
Тибқи гузориши расонаҳо, Пирӣ Ҳусайн чанд рӯзи охир бо бемории коронавирус мубориза мебурд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Даргузашти имомхатиб Абдулаҳад: наздиконаш мегӯянд, коронавирус дошт
Латофат Ибрагимова, яке аз корбарони фаъоли Фейсбук, ки феълан дар Душанбе дар бемористон қарор дорад, дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки генерал Пирӣ Ҳусайн дар бемористон ҷон додааст.
“Генерал Пирӣ Ҳусайн якуним соат пеш (дар палатаи барамон дар ҳолати вазнин қарор дошт) аз дунё чашм пӯшид. Худованд хонаи охираташ ҷаннати ҷовидон бошад”, – навиштааст Латофат Ибрагимова.