ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро эълон кард.
Дар Тоҷикистон афзоиши якбораи вируси корона ба қайд гирифта шуд: дар як рӯз 43 ҳолати нав ошкор карда шуд. Аз оғози мавҷи дуввуми коронавирус дар кишвар, ин бештарин шумораи гирифторон мебошад.
Ёдрас мешавем, ки афзоиши максималии гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон ҳанӯз 21 майи соли 2020 ба қайд гирифта шуд ва он 210 нафарро ташкил дод.
Ҳамзамон, дар Тоҷикистон ду марги нав аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Теъдоди умумии фавтидагон шоми 10 июл ба 102 нафар расид.
Ҳамчунин дар як рӯз 31 нафар аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд. Шумораи умумии шифоёфтагон ба 13514 нафар расид.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз зарурати риояи талаботи беҳдоштӣ, аз ҷумла ниқобпӯшӣ ва риояи масофаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мегӯяд.
Инчунин дар Тоҷикистон маъракаи васеъи эмгузаронӣ барои аҳолии аз 18-сола боло ҷараён дорад.