64 соли имомати Оқохони IV: исмоилиён ид доранд

Исмоилиёни ҷаҳон имрӯз 11 июл 64-умин солгарди ба тахти Имомат нишастани Шоҳ Карим ал Ҳусайниро таҷлил доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл - Sputnik. Оқохони IV - Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севвум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ ба симмати мазкур баргузида шуд.
Сипос ва пешниҳодҳои нави раиси ВМКБ ба Бунёди Оқохон
Пайравони исмоилия дар Тоҷикистон, ки теъдодашон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мегардад, дар баробари ҳаммазҳабонашон аз нуқоти гуногуни ҷаҳон 11 июлро ҳамчун Рӯзи Имомат таҷлил мекунанд.
Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки исмоилиёни Тоҷикистон асосан дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, дар ин рӯз чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор мегарданд.
Чун хизмат ба ҷамоатро исмоилиён аз арзишҳои аслии ҳаётии худ медонанд, дар ин рӯз бисёри хизматрасониҳо дар навоҳии ВМКБ, аз ҷумла мусофирбарию дигар намуди хадамот ройгон сурат мегиранд.
Кумаки Ожонси Оқохон барои мубориза бо COVID-19 дар Суғду Хатлон-аксҳо
Дар шароити пандемия таҷлили рӯзи Имомат низ бо бархе тағйирот амалӣ мешавад ва бисёри чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ тариқи онлайн баргузор мешаванд.
Мавлуди Оқохони IV бо ҳузури 7 ҳазор мурид дар Маскав: дидаю шунидаҳо дар ҷашни бузург
Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст.
Вай дастпарвари донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.