Ду заминҷунбии субҳи 10 июл, ки даҳҳо ҳазор тоҷикистониро куштанд: ёди қурбониён

Шарқи Тоҷикистонро расо баъди 72 соли заминҷунбии Ҳойит, ки субҳи 10 июли соли 1949 рух дода буду даҳҳо ҳазор кушта барҷой гузошт, боз заминларзаи маргбор такон дод.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар шарқи Тоҷикистон субҳи 10 июли соли 2021 заминларза рух дод, ки бар асоси иттилои аввалия 5 кушта барҷой гузошт. Аз ҷумла 4 кӯдаки аз 6 то 12 – сола ба ҳалокат расидаанд. Расман мақомот то ҳол аз харобшавии ҳудуди 20 хона хабар додаанд, аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ теъдоди хонаҳои осебдидаро садҳо адад мегӯянд.
Барои дақиқ кардани хисороту талафоти заминларзаи имрӯза таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон гуруҳи махсуси корӣ таъсис ёфта, бисёре аз аъзои ҳукумат ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудаанд.
Мудҳиштарин заминларза дар Тоҷикистон: фоҷеаи Ҳоит
Ин дар ҳолест, ки маҳз субҳи 10 июл ва маҳз дар шарқи Тоҷикистон пурфоҷиатарин заминҷунбӣ дар таърихи кишвар рух дода буд.
Соати тақрибан 9 –и саҳари 10- уми июли соли 1949 Тоҷикистонро сахттарин заминларза такон дод, ки дар як мижа задан Ҳойит ба хок яксон шуд. Заминҷунбӣ, ки рехтани кӯҳу сангпораҳо ва селро дар пай дошт, ҷони даҳҳо ҳазор нафарро рабуд.
Тибқи маълумоти гуногун, он замон аз 15 то 40 ҳазор одам зинда ба зинда зери хок монда ҳалок шуданд.