ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми 24 соати гузашта дасти кам 34 нафар мубталои коронавирус гардиданд.
Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта се мавриди фавт ба қайд гирифта шуд.
Ҳамзамон пизишкони тоҷик рӯзи гузашта тавонистанд 22 нафарро аз ин беморӣ пурра шифо бахшанд.
Бояд гуфт, ки сар аз аввали хуруҷи ин маризӣ дар Тоҷикистон 13 753 нафар мубтало шуданд, ки аз ин миён 13 483 нафар шифо ёфта, 100 бемори дигар ҷон аз даст доданд.
Вазорати тандурустӣ рӯзи 21 июн аз сар задани мавҷи дуюми коронаиврус хабар дод ва сипас ваксингирии ҳатмӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҷорӣ кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVac мебошад. Бо ин ду навъ ваксин аллакай 340 ҳазор шаҳрвандони мамлакат ваксин гирифтанд ва маъракаи эмгузаронӣ ҳамоно дар Тоҷикистон ҷараён дорад.