Таркиши мудҳиш дар Теҳрон ба навор афтод

Дар наздикии қароргоҳи ширкати телевизион ва радиои Эрон газ мунфаҷир шудааст, аммо мақомот ин хабарро расман тасдиқ накарданд
Sputnik
Дар Теҳрон таркиши қавӣ рух дод, хабр медиҳад The New York Times бо истинод ба мақомоти амниятӣ ва оҷонсиҳои хабарии Эрон.
Тибқи гузоришҳои тасдиқношуда, ҳодиса дар боғи Миллат рух додааст. Дафтари марказии ширкати телевизион ва радиои давлатии "Садои Ҷумҳурии Исломии Эрон" дар ин ҷо ҷойгир аст.
Аммо, вақте полис боғро аз назар гузаронид, нишонаҳои таркиш ё оташро пайдо накард. Кормандони хадамоти оперативӣ сабабҳои таркишро таҳқиқ мекунанд, дар ҳоли ҳозир дар бораи қурбониён ва ҳаҷми харобот маълумоте нест.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамоно наворҳои ин таркиши азимро нашр мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, метавонист дар боғ газ таркад.