Шамсулло Соҳибов як миллиони ваъдагияшро ба варзишгарон дод: киҳо гирифтанд - акс

Шамсулло Соҳибов, ноиби Эмомалӣ Раҳмон, президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки қаблан як миллион сомонӣ грантро ваъда карда буд, 935 ҳазор сомониро ҷудо намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Кумакпулӣ аз номи Шамсулло Соҳибов, ноиби президенти КМО ва домоди раисиҷумҳурро федератсияҳои варзишӣ ва онҳое, ки Тоҷикистонро дар бозиҳои олимпии Токио - 2020 намояндагӣ мекунанд, дастрас намуданд.
Тибқи итилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар ҷаласаи қаблии Ассамблеяи генералӣ, Шамсулло Соҳибов иқдом намуда буд, ки барои рушди 20 федератсияи варзишӣ грант дар ҳаҷми як миллион сомонӣ ҷудо мекунанд.
Манбаъ афзуд, ки барои танзими масъалаҳои гранти Шамсулло Соҳибов, комиссияи корӣ таъсис ёфт ва 17 федератсия лоиҳаи дархостӣ пешниҳод карданд. Ҳар гранти чудошуда 50 000 сомонӣ буда, ба рушди федератсияҳои миллии варзишӣ нигаронида шудааст, омадаст дар иттилоия.
Тақдими кумакпулӣ аз номи ноиби президенти КМО Тоҷикистон, Шамсулло Соҳибов ба варзишгароне, ки Тоҷикистонро дар бозиҳои олимпии Токио намояндагӣ мекунанд
Дар баробари ин Шамсулло Соҳибов ба варзишгароне, ки барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтаанд ва тибқи саҳмияи универсалӣ сафарбар мегарданд, мутаносибан 10000 сомонӣ ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ додааст.

Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов ва раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров аз номи аъзои Кумита изҳори сипос намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 11 нафар иборат мебошад. Аз номи Тоҷикистон Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) барои медали олимпӣ зӯрозмоӣ мекунанд.