Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Даргузашти имомхатиб Абдулаҳад: наздиконаш мегӯянд, коронавирус дошт

Абдулаҳад Пӯлотов, имомхатиби масҷиди ҷомеъи деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар синни 60 – солагӣ даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Ҳоҷӣ Абдулаҳад, ки чанд рӯзи охир бо “вируси корона” мубориза мебурд, рӯзи 9 июл ҷон ба Ҳақ таслим намуд, изҳор дошт яке аз пайвандони марҳум дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
“Аз ду ҳафта қабл дар хона бистарӣ шуда буданд. Рӯзҳои охир аҳволашон андак беҳбуд ёфта буд, вале субҳи 9 июл бандагӣ карданд”, - гуфт манбаъ.
Абдулаҳад Пӯлотов ҳудуди даҳ соли охир имомхатиби масҷиди ҷомеъи деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.
Бисёре аз сокинони деҳоти номи Ҳайдар Усмонов аз Ҳоҷӣ Абдулаҳад ба ҳайси руҳоние ёд мекунанд, ки пайваста дастрас буду дар хизмати мардум қарор дошт. Ҷанозаи Пӯлотов бо иштироки хешону пайвандон ва сокинони зиёд дар қабристони деҳаи Кулангир ба хок супурда шуд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Қурбоналӣ Раҳмон пас аз чанд рӯзи "набард" бо коронавирус даргузашт
Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран аз мубталошавии 34 нафар ба маризии коронавирус иттилоъ дода, афзуд, ки шабонарӯзи гузашта 3 мавриди фавт ба қайд гирифта шуд.
Ин ниҳод афзуд, ки 22 нафарр тайи шабонарӯзи гузашта, аз коронавирус шифо ёфтаанд.
Ҳамин тариқ бар пояи иттилои расмӣ сар аз аввали хуруҷи ин маризӣ дар Тоҷикистон 13 753 нафар мубтало шуданд, ки аз ин миён 13 483 нафар шифо ёфта, 100 нафар қурбон шудаанд.
Хуруҷи мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ расман 21 июн тасдиқ шуда, ахиран мақомоти тоҷик ваксингирӣ барои афроди аз 18 - сола болоро ҳатмӣ эълон карданд.