Уфти якбораи қурби рубл ва болоравии доллару евро дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки тибқи он қурби рубли русӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1503 буда нисбат ба шабонарӯзи гузашта коҳиш ёфтааст. Дирӯз арзиши 1 рубли русӣ 0.1523 буд.
Қурби доллар бошад, нисбат ба нишондоди дирӯза каме баланд шудааст.
Тибқи нишондоди БМТ имрӯз 1 доллар 11.3230 муқаррар шудааст, дар ҳоле, ки дирӯз 11.3220 қимат дошт.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, имрӯз боз боло рафтааст.
БОР дар се соли оянда ба Тоҷикистон 462 миллион доллар медиҳад
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.4189 сомонӣ муқаррар шудааст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13.3871 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3230 то 11.3400 сомонӣ;
1 евро аз 13.4189 то 13.5900 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1503 то 0.1535 сомонӣ.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.