Гуфтушунидҳо байни фиристодаи махсуси Президенти Русия оид ба Афғонистон Замир Кабулов ва ҳайати ҳаракати радикалии Толибон (мамнӯъ дар РУсия ва Тоҷикистон) дар пасманзари афзоиши шиддат дар Афғонистон сурат гирифт.
Дар ҷараёни ин мулоқот Толибон гуфтанд, ки онҳо қасди ғасби қудрат дар Афғонистонро надоранд.
Намояндагони ин ҷунбиш ҳамчунин ваъда доданд, ки давлатҳои ҳамсояро ноором накунанд ва аз ҳузури созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ ё ДОИШ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст) ҷилавгирӣ кунанд.
Мулоқот дар Маскав дар пасманзари шадидтар шудани вазъи ҷумҳурӣ баргузор шуд.
Мубориза байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон махсусан дар шимол, дар наздикии марз бо Афғонистон шадид аст.
Чанд ҳафта аст, ки дар чор минтақаи наздимарзӣ ҷанги шадид идома дорад. Фаъолияти Толибон дар робита бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон афзоиш ёфт.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова, ҷангиён 2/3 марзи Тоҷикистону Афғонистонро назорат мекунанд.
Дар айни замон, Толибон иддао доранд, ки аз 400 вилояти мавҷуда 174 шаҳристонро дар дасти худ нигоҳ медоранд.
* ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия