Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд

Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон бо вазири хориҷаи кишвар масоили марбут ба амнияту субот дар минтақа ва вазъ дар Афғонистонро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати хоиҷаи Тоҷикистон ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷа бо Мэрилин Йосефсон, роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.
Гуфта шудааст, ки дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба амнияту субот дар минтақа ва вазъ дар Афғонистон баррасӣ шуданд.
Бо дархости сафири Эрон дар Вазорати хориҷа равобити ду кишвар баррасӣ шуд
Зоҳиран вазъи Афғонистон нигарониҳои ҷиддиеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 5-уми июл бо раҳбарони Русия, Қазоқистон ва Узбекистон вазъи Афғонистонро баррасӣ кард. Ҳамон рӯз дар ҷаласаи Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки 20 ҳазор нерӯҳои эҳтиётиро ба марз сафарбар кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Русия ки пойгоҳи низомии бузург дар Тоҷикистон дорад, гуфтааст, ки дар сурати ниёз барои суботи марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон, омодаи ҳамкорӣ аст.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан эълон карданд, ки гурӯҳи Толибон 900 километр марз миёни ин кишвар ва Афғонистон дар ихтиёри худ доранд.