Солеҳ ба вакили Бодғис: "Касиф, ба ҷаҳаннам равонат мекунам" – садо

Дар як навори аудиоӣ, ки мансуб ба Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон аст, ӯ вакили Бодғисиро ҳушдор медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Дар ин навор оқои Солеҳ ба Амиршоҳ Ноибзода, намояндаи Бодғис дар порлумон мегӯяд, ки бар асоси гузоришҳои дақиқ, ин намоянда нерӯҳоро ба таслим ташвиқ кардааст. Солеҳ дар хотима ба лаҳни бисёр тунд ба вакили Бодғис мегӯяд, ки як соат вақт доред, то аз амали худ ибрози пушаймонӣ кунид.
Солеҳ ба вай мегӯяд: "Касиф, ман бо ту ҳеҷ гапе надорам. "Агар аз корат пушаймонӣ накунӣ ба ҷаҳаннам равонат мекунам".
Солеҳ ба ин намоянда мегӯяд, ки миллионҳо гирифта аммо бо Толиб ваъдаи таслимшавӣ додааст. Соллеҳ мегӯяд, ки дастҳояш баста нест ва ҷинояткору ҷосусро роҳат намегузорад.
Зоҳиран вазъи Афғонистон нигарониҳои ҷиддиеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 5-уми июл бо раҳбарони Русия, Қазоқистон ва Узбекистон вазъи Афғонистонро баррасӣ кард. Ҳамон рӯз дар ҷаласаи Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки 20 ҳазор нерӯҳои эҳтиётиро ба марз сафарбар кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Русия ки пойгоҳи низомии бузург дар Тоҷикистон дорад, гуфтааст, ки дар сурати ниёз барои суботи марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон, омодаи ҳамкорӣ аст.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан эълон карданд, ки гурӯҳи Толибон 900 километр марз миёни ин кишвар ва Афғонистон дар ихтиёри худ доранд.