ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар ин бора сафири Туркия дар Тоҷикистон, ахиран зимни мулоқот бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода хабар дод.
Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл зимни мулоқот аз фароҳам будани фазои мусоиди тиҷоратӣ ва фаъолияти пурсамари ширкатҳои бонуфузи туркӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуд ва гуфт ба наздикӣ Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
“Ташрифи қарибулвуқӯи Президенти Туркия ба Тоҷикистон барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба такони тоза хоҳад бахшид”, - изҳор дошт Эмре Зекӣ Карагёл.
Аммо сафир дақиқи нагуфт, ки сафари қарибулвуқӯи Президенти Туркия ба Тоҷикистон кай сурат мегирад.
Бояд гуфт, чанде пеш Вазири мудофиаи миллии Туркия Хулусӣ Акар, хабар дода буд, ки қарор аст сафари раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба Тоҷикистон сурат бигирад.
Вай гуфт, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба Тоҷикистон бори дигар расман даъват намуд.
"Ман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нияти Президенти Ҷумҳурии Туркия вобаста ба анҷом додани сафар дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон хабар додам", — гуфт Хулусӣ Акар.
Номбурда изҳори боварӣ намуд, ки сафар ва мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии ҳарду кишвар барои боз ҳам ба сатҳи баланд баровардани ҳамкорӣ байни вазоратҳои мудофиа такони тоза мебахшанд.