Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон дар бораи тирпарронӣ дар марз назари худро ироа кард

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронии ахир дар марз миёни сарҳадбонони ду кишварро баррасӣ доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Тибқи иттилои хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар даргирии ахир дар марз марзбонони савора осеб диданд, иттилоъ додааст Sputnik Қирғизистон.
Гуфта шудааст, ки марзбонон дар қитъаи сарҳад дар минтақаи ағбаи Наумини ноҳияи Лейлеки вилояти Ботканд хидмат мекарданд.
Мақомоти Қирғизистон таъкид доштааст, ки низомиёни савора дар масири пешбинишуда ҳаракат мекарданд.
Ба ақидаи ҷониби кишвари ҳамсоя оташро аввал марзбонони тоҷҷик кушоданд. Инчунин замони сар задани мушоқиша ҳам рушан нест.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тирпарронии сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон: ду нафар захмӣ шуд
Ёдрас мешавем, ки КДАМ Тоҷикистон дар бораи тирпарронӣ дар марз хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 8 июл, соати 14:55 дақиқа дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд иттифоқ афтод.
Гуфта мешавад, чор нафар сарҳадбонони Қирғизистон бо либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карданд.
Ҳадаф аз убури ғайриқонунии марз аз ҷониби сарҳадбонони қирғизро, КДАМ "аспдуздӣ" мегӯяд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Оё Қирғизистон дар ҳалли низои Афғонистон ба Тоҷикистон кумак мекунад? посухи Тошиев
Зикр мегардад, ки сарҳадбонони қирғиз бо силоҳ мусаллаҳ буданд.
"Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд", - омадааст дар хабари КДАМ.
Манбаъ меафзояд, сарҳадбонони қирғиз ба амри наряди сарҳадии марзбонони Тоҷикистон итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд.
" Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд", - таъкид мешавад дар хабари КДАМ
Феълан дар ҷойи ҳодиса мақомоти дахлдори ду давлат қарор доранд ва таҳқиқи ин қазия давом дорад.