ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Раиси шаҳри Ҳисор соҳибкоронро барои бунёди коргоҳҳо ва марказҳои хизматрасонӣ бо сипоснома қадрдонӣ кард.
Иншооти нав бо ширкати муовини сарвазир Матлубахон Сатториён ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба баҳрабардорӣ расид, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Соҳибкорон чӣ бунёд карданд?
Дар кӯчаи ба номи Неъмат Қаробоеви маҳаллаи Шарқ маркази хизматрасонӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ифтитоҳ гардид, ки он аз ҷониби табиб Шодӣ Шарифов сохта шудааст.
Дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор майдончаи варзишӣ барои футболи наврасон, аз ҷониби соҳибкорон Неъматулло Файзуллоев ва Умеҷон Аловиддинов бунёд ёфтааст.
Ду иншооти соҳаи тандурустӣ дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ба баҳрабардорӣ расид. Ин иншоот низ аз ҷониби соҳибкорон сохта шудааст.
Гуфта мешавад, ки марказ дар тобеъияташ ду бунгоҳи тиббӣ дошта, барои аҳолии деҳаҳои Гачак, Бағалак, Лангар, Содиқӣ, Деҳқонобод, Шодмон ва Хоҷамӯсо хизмати тиббӣ мерасонад.
Инчнин дар деҳаи Содиқии Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод иншооти бунёднамудаи соҳибкор Қиёмиддин Ҳоҷиев мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти хизматрасонӣ аз ду ошёна бунёд гардида, дар ошёнаи якуми он мағозаи хӯрокворӣ ва марказ иборат буда, дар ошёнаи дуюми бино коргоҳи хурди дӯзандагӣ ва бунгоҳи тиббӣ ҷойгир шудааст.
Ҳамчунин дар деҳаи Турдибобои Ҷамоати деҳоти Дурбат мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобилҳои сабукрав, нуқтаи таъмир ва шустушӯйи мошинҳо, ки аз ҷониби сокини ҳамин ҷамоат Файзалӣ Сангов сохта шудааст.