Парвандаи ҷиноӣ ва ҷустуҷӯи расмии садҳо падари фарзандбезори тоҷик

Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Тоҷикистон ситондани алименту маскун карданро аз ҷумлаи мушкилоте хонд, ки иҷрочиёни кишвар бо он дучор мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Барно Саидвализода мегӯяд, баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон танҳо дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ 11 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағи алимент ситонида шуд, навиштааст нашрияи “Садои мардум”.
Манбаъ афзуд, ки новобаста аз тадбирҳои андешидашуда, ситонидани алимент яке аз проблемаҳои мубрам дар кишвар боқӣ мемонад.
“Саркашӣ намудани падару модарон аз таъминоти фарзандон шароити ҳаёти онҳоро бад намуда, ба вазъи саломатиашон таъсири манфӣ расонида, инкишофи муқаррарии ноболиғонро вайрон месозад. Кӯдакон дар аксар маврид ҷабрдидаи муноқишаҳои волидон мегарданд ва гоҳҳо баъзе аз падарон барои қасд гирифтан аз собиқ ҳамсарон маблағи алиментро барои таъминоти кӯдакони ноболиғашон пардохт намекунанд”, - омадааст дар матлаб.
Оё дар тарбияи фарзанд истифодаи зӯри бозу дуруст аст? посухи мутахассисон
Ба иттилои Хадамоти иҷро, ҳолатҳои бадқасдона саркашӣ намудани падару модарон аз таъминоти фарзандон зиёд аст.
“Чунончӣ, дар 5 моҳи аввали соли равон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба 107 нафар қарздор тибқи талаботи моддаи 177-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд”.
Таъкид шудааст, ки дар ҳамин давра бо пешниҳоди иҷрочиёни мақомоти иҷро нисбат ба 181 нафар қарздоре, ки аз супоридани алимент саркашӣ намуда, ҳатто пинҳон шудаанд, бо таъиноти судӣ кофтукоб эълон карда шуд.
Роҳбарияти Хадамоти иҷро яке аз роҳҳои ҳалли мушкили рӯёндани алиментро дар кишвар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон хонд.