Размикори UFC-и варзишкор аз Ирландия Конор МакГрегор ҳангоми чашмҷанг пеш аз сабқати қарибулвуқӯъи UFC 264 кӯшиш кард, ки Дастин Пореро лагад занад.
Макгрегор аз аввал ба образи ҳамлагар даромад ва бо суханони ноҷо кӯшиш мекард рақибашро ба ғазаб орад.
Дар охири дуэли нигоҳҳо ӯ ногаҳон Пореро шаллоқ зад, аммо варзишкори амрикоӣ ором буд.
"Шиддат хеле баланд аст", - гуфтанд намояндагони UFC.
Рӯзи 11 июл муборизони номдорро муҳорибаи сеюм интизор аст.
Бояд гуфт, ки дар набарди аввал, ки соли 2014 баргузор шуда буд, варзишкори амрикоӣ бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Муборизаи дуввум моҳи январи соли равон сурат гирифт. Он замон Поре дар даври дуввум Макгрегорро нокаут кард.
Ин аввалин бохти нокаут дар карераи варзишкори ирландӣ мебошад.
Макрегор дар фаъолияти касбии худ дар муҳорибаи омехта 22 пирӯзӣ ва панҷ шикаст дораду Поре шаш шикаст ва 27 пирӯзӣ.
Онҳо ҳамсоланд ва 32 сол доранд.