Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Изҳороти муҳими Сергей Лавров дар бораи Афғонистон

Сергей Лавров таъкид дошт, ки ҷанг дар Афғонистон Русияро ба хотири ташаннуҷи эҳтимолии вазъ дар кишварҳои шарики Маскав, нигарон кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия зимни нишасти матбуотӣ дар Маскав гуфт, ки Русия қасд надорад ба умури дохилии Афғонистон дахолат кунад.
Сергей Лавров қайд кард, ки Русия то он замоне, ки ин иттифоқот дар дохили хоки Афғонистон иттифоқ меуфтад, Русия қасди иттихози ҳич гуна иқдомеро надорад.
Вай қайд кард, ки идомаи ҷанг дар Афғонистон Русияро нигарон кардааст, чунки он метавонанд ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя – шарикони Маскав кӯч диҳад.
Бояд гуфт, ки чанде пеш Сергей Лавров гуфта буд, ки дар сурати ҳамла аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон, ин иқдом фавран тавассути СПАД баррасӣ хоҳад шуд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон гуфтанд, ки гузаргоҳҳоро бо Тоҷикистон намебанданд
Вазир инчунин қайд кард, ки Русия ҷонибдори иҷрои созишномаҳо миёни Иёлоти Муттаҳида ва Толибон* мебошад.
"Бо миёнаравии Иёлоти Муттаҳида, иқдом барои ба эътидол овардани вазъ, оғози раванди сиёсӣ, ба даст овардани созишҳо дар бораи давраи гузариш ва сипас дар ниҳоят дар бораи он, ки Афғонистон дар оянда чӣ гуна зиндагӣ хоҳад кард, карда шуд", қайд кард Сергей Лавров.
Ба ақидаи вай ин масъаларо танҳо худи афғонҳометавонанд ҳал кунанд.
Зоҳиран вазъи Афғонистон нигарониҳои ҷиддиеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.
“Дахолат накунед, агар ташвише доред, гӯед”: хитоби Толибон* ба ҳамсояҳо - видео
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 5-уми июл бо раҳбарони Русия, Қазоқистон ва Узбекистон вазъи Афғонистонро баррасӣ кард. Ҳамон рӯз дар ҷаласаи Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки 20 ҳазор нерӯҳои эҳтиётиро ба марз сафарбар кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Русия ки пойгоҳи низомии бузург дар Тоҷикистон дорад, гуфтааст, ки дар сурати ниёз барои суботи марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон, омодаи ҳамкорӣ аст.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан эълон карданд, ки гурӯҳи Толибон 900 километр марз миёни ин кишвар ва Афғонистон дар ихтиёри худ доранд.
* ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия