Чӣ гуна хонаҳои ғайриқонунӣ дар дохилу хориҷи Тоҷикистон қонунӣ мешаванд?

Қонуни нави афви дороиҳо дар Тоҷикистон тартибу шарти қонунигардонии амволи ғайриманқул, аз ҷумла хонаҳои худсарона сохташударо муқаррар кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд молу мулки ғайриманқули худсарона сохташудаи шахсӣ ё дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаро бо роҳи пешниҳоди ариза қонунӣ гардонанд, омадааст дар моддаи 5 – и қонун дар бораи афви дороиҳо.
Дар ин модда шарти қонунигардонии чунин хонаю иншоот оварда шудааст, ки агар қитъаи замини зери сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ барои чунин мақсад ҷудо шуда бошад.
“Сохтмон мутобиқи таъиноти қитъаи замин, вале бе гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатдиҳӣ сохта шуда бошад ва нигоҳ доштани онҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон накунанд, инчунин ба ҳаёт ва саломатии онҳо ё бехатарии объектҳои дар атрофи ин сохтмон ҷойгирбуда таҳдид накунад”, - таъкид шудааст дар шарти қонунигардонии хонаю иншооти соҳибкорӣ.
18 роҳи қонунигардонии пули ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон давоми як сол
Дар мавриди онҳое, ки молу мулки манқул ва ғайриманқулро берун аз ҳудуди Тоҷикистон бо маблағҳои пулии қаблан дар эъломияи даромад ё объекти андозбандӣ дар ҷумҳурӣ зикрнашуда харидорӣ намудаанд, таъкид шудааст, ки бо роҳи пешниҳоди эъломия метавонанд онро қонунӣ гардонанд.
“Ба эъломия ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ба чунин молу мулк, ки мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ ба расмият дароварда шудаанд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи арзиш бо тасдиқи дахлдори он тибқи қонунгузории Тоҷикистон, инчунин ҳуҷҷати пардохти хироҷ барои қонунигардонӣ замима карда мешаванд”, - таъкид шудааст дар қонун.
Қонуни афв барои қонунигардонии дороиҳо дар Тоҷикистон моҳи равон мавриди амал қарор гирифта, муҳлаташ як сол муқаррар шудааст.