ДУШАНБЕ, 8 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон ваксингирӣ барои афроди аз 18 - сола боло ҳатмӣ гардид. Чунин қарорро Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди мубориза бо коронаиврус ба тасвиб расонд. Вале Вазорати тандурустии Тоҷикистон гурӯҳи одамонеро қайд кард, ки гирифтани ваксин барои онҳо манъ аст.
Ба гуфтаи сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ, Наврӯз Ҷафаров, занҳои ҳомила дар Тоҷикистон ба иммунизатсия ҷалб нахоҳанд шуд. Ҳамчунин заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, низ ваксин намегиранд.
Ҷафаров ҳамчунин зикр намудааст, афроде, ки ҳарарати бадани онҳо баланд аст ва ё хуруҷи бемориҳои музмин ва сироятӣ дар онҳо мушоҳида мешавад, ваксинзании онҳо ҳам то як муддати муайян ба таъхир гузошта мешавад.
Илова бар ин, нафароне, ки дар давраи ваксингирӣ мубталои коронавирус гардидаанд, эмшавии онҳо танҳо пас аз 6 моҳ имконпазир мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло ду навъ ваксин дар гардиш аст, ки яке "AstraZeneca" ва дигаре "CoronaVac" мебошад.
"Афроде, ки маротибаи аввал бо яке аз ин ду ваксин эм мешавад, вояи дуюм ҳам маҳз бо ҳамон ваксин хоҳад гирифт", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми коронавирус сар зад ва то 7 июл дар ҷумҳурӣ 339 749 нафар алайҳи ин маризӣ ваксин гирифтанд.